Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ беш аз 80 фоиз иҷро шуд

Апрель 11, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 10 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе дар сатҳи ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи пешбинишуда гузориш дода, ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар даҳаи аввали ин моҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 80 фоизро ташкил дод.

Дар даҳрӯзаи аввал аз байни 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод аввалин шуда, нақшаро иҷро намуданд. Ин ноҳияҳо чанд соли охир аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ дар баробари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлаи аввалин иҷрокунандагони нақшаи даъват мебошанд. Ҳоло иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 72 фоиз баробар гардидааст.

Давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳим дар вилояти Суғд иҷрои нақша 54 фоизро ташкил дод. Дар вилоят ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо ба анҷом расонид.

Яке аз сабабҳои пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъват ба зиёд будани ҷавонписарони ихтиёрӣ ва шаҳрвандоне, ки бо гирифтани даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд, марбут мебошад.

Бояд гуфт, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нисбат ба низомиёни мамлакат таваҷҷуҳу дастгирии ҳамаҷониба зоҳир менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ  дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ пурра муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд дар фазои сулҳу суботи комил ва дар Ватани азизи худ хизмати пуршарафи сарбозиро адо намоянд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид