НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕКИН

Август 22, 2008 16:54

Сафири Тоҷикистон Рашид Олимов ба Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва сокинони пойтахти Чин барои пазироии самимона ва ташкили ҳамаҷонибаи мусобиқаҳои варзишӣ изҳори сипос намуд. Барои мо ҳаминаш муҳим аст, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон маҳз дар Пекин медалҳои олимпиро ба даст овард. Мо бо варзишгарони худ ифтихор дорем. Зеро онҳо дар ҷараёни қувваозмоиҳо маҳорати хуб, иродаи мустаҳкам ва рӯҳи устувор нишон доданд, гуфт дипломати тоҷик. Сипас ба саволҳои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алиаҳмад Мирзоев ва барандаи ҷоизаи нуқраи Бозиҳои олимпӣ Юсуф Абдусаломов ҷавоб доданд.

Август 22, 2008 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд