БО САБАБИ ТАЪМИН НАШУДАНИ СӮЗИШВОРӢ КОР БА ТАЪХИР АФТОД

Декабрь 23, 2008 17:04

           Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, кишти сабзавот дар гармхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад. Дар гармхонаи «Тобистон»-и ноҳияи Ваҳдат бо сабаби таъмин нашудани сӯзишворӣ кор ба таъхир афтод. Як қисми гармхона (аз се як қисмаш) таъмир карда шуд ва ба кишти сабзавот шурӯъ намуданд. Ба гуфтаи коргарони ин гармхона, ҷамъоварии ҳосили бодиринг дар моҳи феврал оғоз меёбад. Дар иди бонувон — 8-уми март помидор ҳам барои истеъмол бароварда мешавад. То 22-юми декабри соли 2008 дар масоҳати 34,99 га дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он масоҳати 15,93 гектарашро помидор ва 11,02 гектари дигарро бодиринг ташкил медиҳад.

Декабрь 23, 2008 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд