ДАР МАСКАВ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҚОЧОҚЧИЁНИ НАШЪА БАРҲАМ ДОДА ШУД
Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Кормандони Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия ба фаъолияти гурӯҳи калони муташаккии қочоқчиёни нашъаи Афғонистон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт — Петербург хотима бахшиданд. Ба ин гурӯҳ асосан шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон дохил буданд. Аз ҷумлаи дастгиршудагон ду нафар зан мебошад. Кормандони хадамоти назорати маводи нашъадор дар бораи фаъолияти қочоқчиён маълумоти зарурӣ ба даст оварда, дар яке аз маҳалҳои роҳи сангфарши Энтузиастов мошини сабукрави мусофирбарро боз доштанд. Аз ду нафар мусофири он қариб як килограмм маводи нашъадор ёфт шуд. Баъдан дар ҷараёни амалиёт дар роҳи мошингарди Осташков мошини «Камаз» дастгир карда шуд, ки аз Маскав ба Санкт — Петербург мерафт. Кормандони милиса мошини мазкурро бо кӯмаки саги бӯгир тафтиш намуданд. Дар зери бордони мошин махфигоҳи махсус сохта шуда буд, ки бо асбобу анҷоми кӯҳнаи рӯзгор пур карда шуда буд. Аз зери он 11 зарфи дулитраи пур аз героин ёфт шуд. Кормандони милиса баъди ин хуҷраҳои ба иҷора гирифтаи қочоқчиёнро кофтуков карданд. Аз он ҷо покетҳои селофании героин, тарозуи электронӣ ва якчанд дастгоҳи барқии қаҳвамайдакунӣ ёфт шуд. Маълум гардид, ки қочоқчиён ба воситаи онҳо героинро бо витаминҳо ва моддаҳои дигари химиявӣ махлут мекардаанд. Бо ин махлут зарфҳои пластикии оби маъданӣ пур карда мешуд. Кормандони милиса дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 16 килограмм геронро мусодира карданд. Дар натиҷа гурӯҳи калони хавфноки ҷинояткор ва роҳбари он безарар гардонида шуданд. Вобаста ба ин панҷ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Айни ҳол тадбирҳои муайян кардани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор ва алоқаи қочоқчиён бо гурӯҳҳои дигар давом дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






