ИТТИФОҚИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИКИСТОН 3 ЧОРАБИНӢ МЕГУЗАРОНАД

Декабрь 3, 2008 09:16

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Тавре директори Хонаи кинои пойтахт Сафар Ҳақдодов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, нимаи аввали соли 2009 Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон барои гузаронидани 3 чорабинии калони фарҳангӣ омодагӣ мебинанд.  Моҳҳои январ — феврал баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Рӯйхати филмҳое, ки аз ҷониби Ӯзбекистон барои тамошобинони тоҷик намоиш дода мешаванд,  аллакай тартиб дода шудааст. Рӯзҳои наздик ин масъала зимни мулоқоти мақомоти роҳбарии киностудияи «Тоҷикфилм» ва  сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шокасым Шоисломов мавриди ҳаллу фасл қарор хоҳад гирифт. Сафар Ҳақдодов иброз дошт, ки онҳо гузаронидани Ҳафтаи филмҳои мустанади Тоҷикистонро дар фасли баҳор ба нақша гирифтаанд. Таҳти унвони «Кинои нави Россия» моҳҳои март – апрел ҳаводорони санъати кино  метавонанд,  аз дастовардҳои  коргардонҳои рус бохабар шаванд.

Декабрь 3, 2008 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд