КОРШИНОСОНИ ОСОРХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии ёдгориҳои атиқаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо иштироки коршиносону мутахассисони осорхонаҳои Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар мавзӯи «Нигоҳ доштани асарҳои санъати тасвирӣ ва деворнигораҳо» семинар давом дорад. Семинари мазкур 5 рӯз давом мекунад. Ташкилкунандагони он Пажӯҳишгоҳи таъриху бостон ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти ёдгориҳои фарҳангии Токио мебошанд. Директори осорхона Саидмурод Бобомуллоев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иқрор шуд, ки дар Тоҷикистон мисли ҳамаи мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бобати барқарор намудан ва нигоҳ доштани асарҳои санъати тасвирӣ ва деворнигораҳои қадима проблемаҳои зиёд мавҷуданд. Дар мамлакати мо дар ин соҳа пеш аз ҳама кадрҳои мутахассис намерасанд. Мо инчунин асбобу анҷоми зарурии таҳқиқи деворнигораҳо надорем. Илова бар ин барои харидани онҳо маблағи зарурӣ ҷудо карда намешавад. Дар натиҷа теъдоди хеле зиёди асарҳои қадимаи санъати тасвирӣ ва деворнигораҳо бебозгашт аз байн рафтанд, гуфт С.Бобомуллоев. Мутахассисони Ҷопон дар давоми семинар ба кормандони осорхонаҳои Тоҷикистон роҳу усулҳои имрӯзаи таҳқиқи рангҳои қадима ва муҳайё кардани шароитро барои нигоҳ доштани асарҳои санъати тасвирӣ меомӯзанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






