МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ НАВИ БАЧАГОНА
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» дирӯз дар Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ маросими шиносоӣ бо 12 китоби нави бачагона баргузор гардид, ки дар давоми соли 2008 ба табъ расидаанд. Директори созмон Латофат Кенҷаева ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки китобҳои нав дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла назму наср, ҳаҷв, афсона ва ғайра навишта шудаанд. Яке аз ин китобҳо ба қалами адиби маъруф Салими Зарафшонфар тааллуқ дошта, «Аспи шоҳӣ» ном дорад. Китоб барои бачагон ва наврасон пешбинӣ шудааст. Дар маросими шиносоӣ мудирони боғчаҳои бачагона иштирок доштанд. Онҳо зикр намуданд, ки бачагони хурдсол шеърҳои С.Зарафшонфарро ба осонӣ аз ёд мекунанд. Китобҳои дигар ба ҷашни 1550 — солагии асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ва панду ҳикматҳои ӯ бахида шудаанд. Бояд гуфт, ки Созмони ҷамъиятии «Истиқбол» дар давоми соли 2008 ба забонҳои англисӣ, чинӣ, туркӣ, русӣ ва ӯзбекӣ 25 китоби бачагонаро дастраси хонандагон гардонд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






