ТАҶЛИЛИ 50 — СОЛАГИИ ИМОМАТИ ОҒОХОНИ IV

Декабрь 23, 2008 14:14

          Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Бо ташаббуси созмони ҷамъиятии тоҷикон  дар Маскав — «Нур» бахшида ба  анҷоми соли  50 — солагии  имомати  валиаҳд Карим Оғохони 1У ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он  қариб 800 нафар намояндагони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ҷараёни ҷамъомад дар бораи сафарҳои Оғохони 1У  дар давоми соли равон ба бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Канада, ИМА, Британия, Мали, Ҳиндустон, Сингапур, Париж ва ғайра филми мустанад намоиш дода шуд. Дар доираи таҷлили  солгарди  имомати Карим Оғохони 1У  байни дастаҳои шаҳрҳои Маскав ва  Новокузнетск мусобиқаҳои варзишӣ  гузаронида бо иштироки овозхонони  ҷавони тоҷик консерт намоиш дода ва  намоишгоҳи  либоси навбаромади ҷавонон ташкил карда шуд. Намояндагони Бунёди Оғохон дар Русия ба иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи барномаҳояшон дар соҳаҳои маориф, таълим ва тадқиқоти илмӣ нақл карданд. Дар фарҷоми ҷамъмад барои иштирокчиёни он дастурхони идона ороста шуд.

Декабрь 23, 2008 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд