МОҲВОРАИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР КАЙҲОН
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин моҳвораи худро бо номи «Умед» ба мадори замин партоб кардааст. Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки ҳадафи ҳузури кишвараш дар фазои кайҳон «тавсеаи яктопарастӣ, сулҳ ва адолат» аст. Ба гуфтаи ҷониби Эрон моҳвораи мазур танҳо барои ҳадафҳои телекомуникатсионӣ истифода мешавад ва бо фаъолиятҳои низомӣ иртиботе надорад. Гуфтанист, ки ин бори аввал нест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кайҳон моҳвора партоб мекунад, вале ин нахустин бор аст, ки ин корро худаш анҷом медиҳад. Аз ҷумла, соли 2005 бо кӯмаки Россия Эрон аз Маркази парвозҳои кайҳонии Россия дар Плесетск моҳворае партоб карда буд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






