РАҚИБОНИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУДАНД

Февраль 23, 2009 14:50

                  Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Куала -Лумпур, пойтахти Малайзия, қуръакашии даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд.                  42 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 7 гурӯҳ тақсим шуданд. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи А бо тимҳои Урдун, Яман, Непал (мизбони сабқат), Фаластин ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард.                  Инчунин, қуръакашии даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё байни наврасони то 16-сола доир гардид.                 45 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 8 гурӯҳ тақсим шуданд.                 Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи В бо тимҳои Эрон, Баҳрайн, Лубнон, Непал ва Ҷазираҳои Молдив рақобат хоҳад кард.

Февраль 23, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш