ДАР НАВРӮЗ БАЛХ САРОНИ КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОНРО ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии мардумони форсизабон -Наврӯз дар маркази вилояти Балхи Афғонистон- шаҳри Мазори Шариф баргузор мегардад. Мудири умури фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Меҳр Фаромарз Таманно дар мусоҳиба ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷоми Ҷам»-и Эрон гуфтааст, ки баъди ҷаласаи вазирони умури хориҷаи се кишвари форсизабон, ки соле қабл дар Душанбе баргузор гардида буд, ҷониби Афғонистон омодагии худро ҷиҳати баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон дар Афғонистон эълом дошт. Меҳр Фаромарз Таманно ҳадафи баргузории мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабонро дар Мазори Шариф тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ, хусусан дар ҳавзаи густариши забони форсӣ арзёбӣ кардааст. Интизор меравад, ки Роҳбарони се кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамҷавор дар Мазори Шариф дар қатори баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, яке аз масъалаҳои умдаи фарҳангӣ- таъсиси шабакаи муштараки телевизонии кишварҳои форсизабонро баррасӣ менамоянд. Атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ дар сӯҳбат ба хабарнигори хабаргузории расмии Тоҷикистон» Ховар» гуфт, ки дар доираи баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон қарор аст, ки Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар маросими бардоштани парчами ҳарами мубораки Ҳазрати Алӣ иштирок хоҳанд кард. Ориёнфар Шамсулҳақ мегӯяд, ин оин ҳар сол дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бостон ба ҷо оварда шуда, он рамзи бузургию каромоти Ҳазрати Алӣ ва шаҳодати неку бобарор омадани соли нави мардумони машриқзамин аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






