КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИК БА ВАРЗИШ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД

Март 3, 2009 12:07

                Душанбе, 3 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» инчунин, таъсиси гурӯҳи корӣ доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз шумори масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.               Раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Маҳбуба Нуриддинова, Додихудо Саймиддинов ва Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба масъалҳои зикршуда, ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур барои шахсони бемори ба хун ниёздошта, ҷалби ҳар чи бештари кӯдакону наврасон ба варзиш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олии касбӣ ва дар заминаи он фаро гирифтан ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ мусоидат менамоянд.               Қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва бархи дигараш ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, ки 5 март доир мегардад, пешниҳод карда шуданд.

Март 3, 2009 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад