МАҶАЛЛАИ НАВ

Март 4, 2009 14:49

                  Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Дар Душанбе маҷаллаи нави «Тиҷорати минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» аз чоп баромад. Маҷалла дар доираи барномаи Агентии рушди байналхалқии ИМА дар масъалаҳои озод сохтани тиҷорат ва ислоҳоти соҳаи гумрук нашр карда мешавад. Раиси Ассосиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки маҷаллаи мазкур ҳар се моҳ як маротиба чоп мешавад.                    Дар он ба саволҳои пешниҳоднамудаи тоҷирону соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар соҳаи тиҷорат кор мекунанд, ҷавоб дода мешавад.                  Дар хабару мақолаҳои шумораи нахустини маҷалла ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, беҳтар сохтани фаъолияти муассисаҳои гумрукӣ, қабули ҷумҳуриҳои Қазоқистону Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, ҳифзи моликияти зеҳнӣ, вазъияти имрӯзаи нарх ва гирифтани боҷ диққати асосӣ дода шудааст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар маҷалла фикру ақида ва мавқеи тоҷирону соҳибкорон ифода карда шавад, гуфт М.Ӯлҷабоева.

Март 4, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш