МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГИРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Солҳои охир хариду фурӯши одамон ба соҳаи даромадноки фаъолияти ҷиноӣ табдил ёфтааст, бинобар ин мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб низ тадбирҳо ва ҷидду ҷаҳди иловагиро талаб менамояд. Дар ин бора раиси иҷлосияи 63 — юми маҷмаи кулли СММ Мигел Деското Брокман дар ҷараёни конфронси байналхалқӣ дар Баҳрайн сухан ронд. Аз рӯи маълумоти Созмони байналхалқии меҳнат маблағи даромади солонаи одамфурӯшон ба 32 миллиард доллар мерасад. Қайд карда шуд, ки ҳар сол дар натиҷаи фиребу маҷбуркунӣ ё истифодаи усулҳои дигар миллионҳо одамон ҳадафи хариду фурӯш қарор мегиранд ва қисми зиёди онҳо аз вартаи асорат халос шуда наметавонанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






