ПРЕЗИДЕНТИ ФАРОНСА НОМАИ ТАҲДИДОМЕЗ ГИРИФТ

Март 4, 2009 14:48

              Париж, 4 март (АМИТ «Ховар» — Синхуа ). — Тибқи хабарҳои аз Фаронса расида, президенти мамлакат Николя Саркози ва баъзе сиёсатмадорони маъруф чанд рӯз пеш номаҳои таҳдидомез гирифтанд. Шахсони номаълум дар номаҳои фиристодаашон таҳдид кардаанд, ки ба ҷони президент ва сиёсатмадорони дигар сӯиқасд хоҳанд кард. Политсия ба тафтиши ин воқеа шурӯъ кард.              Қобили зикр аст, ки дар дохили конвертҳо тир гузошта шуда буд. Чунин номаҳои таҳдидомез ба унвони вазири корҳои дохилӣ, вазири адлия, вазири фарҳанг ва сарвазири собиқ низ фиристода шуданд. Бояд гуфт, ки матни ҳамаи номаҳо ба ҳамдигар мувофиқат мекунад. Муаллифи номаълум ҳизби ҳоким ва ҳизбҳои тарафдори онро ба кӯшиши қабули қонуне гунаҳкор менамояд, ки озодии одамонро маҳдуд месозад.               Ёдовар мешавем, ки соли 2006 ду шахси номаълум ба унвони президенти собиқи Фаронса Жак Ширак чунин номаҳои таҳдидомез фиристода буданд. Политсия ҷинояткоронро ёфт, ҳоло онҳо мӯҳлати ҷазоро дар ҳабсхона мегузаронанд.

Март 4, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд