СОЗМОНИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ КАЛОНСОЛОНРО ОГОҲ МЕКУНАД

Март 4, 2009 14:49

                       Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, солҳои охир теъдоди бештари одамони аз 50 — сола боло ба бемории хавфноки ВИЧ гирифтор мешаванд. Дар хабари дафтари матбуоти СММ гуфта мешавад, ки духтурону мутахассисон ба паҳн гардидани беморӣ дар байни одамони калонсол таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд.                       Қайд карда мешавад, ки солҳои охир дар ҷараёни ташхиси одамон мардони аз 65 — сола ва занони аз 50 — сола боло барои ошкор сохтани бемории ВИЧ ташхис карда нашудаанд. Дар ИМА зимни ташхиси саросарии аҳолӣ дар бораи саломатии одамони аз 49 — сола боло умуман маълумот гирифта намешавад.                         Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бар ин ақидаанд, ки одамони аз 5 то 14 солаи ба бемории ВИЧ гирифторшуда то 13 сол зиндагӣ карда метавонанд. Одамони аз 65 сола боло, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, дар давоми 4 сол вафот мекунанд. Сабаби ин вазъият коҳиш ёфтани муқовимати организми инсон ба бемориҳои гуногун мебошад.

Март 4, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд