ҶАСАД ДАР ТАГИ ТАРМА

Апрель 22, 2009 08:20

                Душанбе, 22 апрели. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 19 апрели соли ҷорӣ, соати 16 дар ағбаи Шаҳристон, дар километри 190 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, тахминан 3-4 автомашинаи гуногунтамға зери тарма мондаанд.                Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ Дустмурод Забиров иттилоъ дод, дастаи зудамали наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд зуд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ cap кард. Дар натиҷа аз зери барф, аз дохили автомашинаи тамғаи «Тoyоtа» RAV-4, ҷасади шаҳрванд Ғаффоров Ориф Раҷабович, соли таваллудаш 1965, сокини деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент дарёфт карда шуд.               Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.  

Апрель 22, 2009 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ омӯзгорони фаъоли пойтахт қадрдонӣ карда шуданд
Намояндагони ВАО бо хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад