«МАҲЗАР» ЭҲЁ МЕШАВАД
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 4 апрели соли ҷорӣ дар Кохи «Ҷомӣ» байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон озмуни телевизионии маҳфили зарифон «Маҳзар» баргузор мегардад. Барномаи озмуни телевизионии маҳфили зарифон «Маҳзар» бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳфили зарифон тариқи озмун байни мактабҳои олӣ гузаронида мешавад. Дар барнома тамоми мактабҳои олии ҷумҳурӣ ҳуқуқи иштирокро доранд. Дастаи мактаби олӣ, ки дар барномаи «Маҳфили зарифон» ширкат меварзанд, танҳо аз ҳисоби донишҷӯёни мактаби олӣ бояд иборат бошад. Ба ҳайати даста ворид намудани донишҷӯёни дигар мактаби олӣ, санъаткорони касбӣ қатъиян манъ аст. Интихоби мавзӯи шартҳои озмун озод аст, вале дастаҳо набояд ба таҳқири ҳамдигар роҳ диҳанд. Дастаҳо ба масъалаи тозагии забон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Роҳбарият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони масъули мактаби олӣ вазифадоранд, ки дар рафти баргузории барномаи телевизионии «Маҳзар» тартибу интизоми баланди донишҷуёнро таъмин намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






