РАЁСАТИ БУНЁДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҶОТИ АРАЛ БА ЗИММАИ ҚАЗОҚИСТОН ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раёсати Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар давоми солҳои 2009 — 2011 ба зиммаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузошта шуд. Ба ин муносибат дар Алмаато мулоқоти роҳбарону коршиносони вазоратҳои обу энергетикаи давлатҳои аъзои бунёди мазкур баргузор гардид. Дар мулоқот фаъолияти ҷории бунёд таҳлил карда, масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обу энергетикаи Осиёи Марказӣ, инчунин, масъалаҳои рӯзномаи мулоқоти ояндаи сарони давлатҳои муассиси бунёд муҳокима шуданд. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод иштирок дошт. Ӯ узви раёсати бунёди мазкур мебошад.Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бунёди наҷоти Арал соли 1993 бо қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таъминоти молиявии тадбирҳои муштараки наҷоти Арал ва беҳтар сохтани шароити экологии он таъсис дода шуда буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 раиси бунёди мазкур интихоб шуда буд. Бо ташаббуси ӯ соли 2003 Соли байналхалқии оби тоза эълон гардид. Ғайр аз ин Ассамблеяи генералии СММ 23 декабри соли 2003 дар бораи Даҳсолаи амалиёти «Об барои зиндагӣ» (2005-2015) қатънома қабул намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






