&#1178АНОАТМАНДИИ &#1202. ЗАРИФӢ ВА А. ҚАРҚОШ АЗ САТҲИ ҲАМКОРИ&#1202О

Май 25, 2009 11:13

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ 23 майи соли ҷорӣ бо раиси ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Анвар Қарқош бо дархости ӯ мулоқот кард.                        Ҳамрохон Зарифӣ ва Анвар Қарқош зимни мулоқот аз динамикаи рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишварро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.                        Вазири аморотӣ ба ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии ташаббуси кишвараш барои пазироии қароргоҳи Ожонси нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) изҳори қадрдонӣ карда, онро нишонаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар донист.                       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.  

Май 25, 2009 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд