500 ДОНИШҶӯИ ТОҶИК ДАР «АЛ-АЗҲАР»-И ҚОҲИРА
Душанбе, 12 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аз Ҷумҳурии Мисри Араб баргаштанд. Онҳо дар Қоҳира бо ректори донишгоҳи исломии «Ал- Азҳар» профессор Аҳмад ат- Тайиб мулоқот карда, масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои мустақими ҳамкорӣ байни ду муассисаи таълимии исломиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мусоҳибон аз иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зарфи солҳои охир дар бахши дини мубини ислом ва бузургдошти арзишҳои исломӣ пайгирӣ шудааст, изҳори хушнудӣ намуданд. Назар ба иттилои ректори донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуҷалол Ализода, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши табодули таҷриба, ташкили курсҳо барои устодону донишҷӯён, таъмини донишкадаи исломии Тоҷикистон бо адабиёти динӣ-мазҳабӣ ва воситаҳои таълимӣ баррасӣ шуданд. Зикр шуд, ки ҷиҳати тақвияти робитаҳо дар ин самт санади ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасад, ки он аз сӯйи Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, намояндагони Тоҷикистон бо Имоми Акбар шайхи Азҳари Шариф доктор Муҳаммад Сайид Тантовӣ дидору мулоқот намуданд. Бояд тазаккур дод, ки донишгоҳи «Ал-Азҳар» яке аз донишгоҳҳои бонуфузу қадимаи олами ислом ба шумор рафта, он соли 988 аз ҷониби сулолаи Фотимӣ ба шарафи духтарони паёмбари ислом Муҳаммад (С) Фотима ва Зӯҳро бунёд карда шудааст. Собиқ Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҷамол Абдулнаср соли 1961 ба фаъолияти донишгоҳ тағйирот дароварда, дар он баъзе фанҳои дунявӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, тиб ва кишоварзиро ворид сохт. Алҳол дар донишгоҳи бонуфузи қадимаи «Ал-Азҳар» ҳудуди 500 донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсил менамоянд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






