РОМАНИ ГАБРИЭЛ ГАРСИЯ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАРҶУМА ШУД
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Аввалин маротиба дар Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷабборов романи Габриэл Гарсия Маркеса «Сад соли танҳоӣ» -ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард. Айни ҳол, романи тарҷумашуда дар нашриёт буда, баъди ду моҳ бо теъдоди 500 нусха чоп карда, ба мағозаҳои китобфурӯшӣ фиристода мешавад. Ин роман ба зиёда аз 110 забони миллатҳои гуногун тарҷума шудааст. Чингиз Айтматов ин романро «Романи бузургтарини асри 20» номида буд. «Ман романи мазкурро дар давоми се сол тарҷума кардам. Ин яке аз асарҳои шавқовари тарҷумакардаи ман мебошад. Худи роман хеле диққатҷаблкунанда аст. Асар хусусиятҳои хоси забонӣ, услуби махсус, забони шево ва фикрронии ғайримуқаррарии муаллифро дар бар мегирад. Ба муаллиф муяссар шудааст, ки хусусияти давраҳои гуногунро бо ҳамдигар муқоиса карда, моҳияти онро ба хонанда пешкаш кунад. Бешубҳа, асари «Сад соли танҳоӣ» ба хонандагони тоҷик писанд хоҳад омад»-, гуфт А. Абдуҷабборов.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






