ТАҶЛИЛИ 15-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ ҶТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Кохи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати 15-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавии идона баргузор гардид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин чорабинӣ роҳбарони мақомоти интизомии вилоят, афсарон ва сарбозони ҷузъу томи шӯъбаи фаврию ҳарбии «Суғд», Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок намуданд. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев иштирок ва суханронӣ намуда, сарҳадчиёни дар вилояти Суғд мустақар бударо табрик намуданд. Аз ҷумла, Қоҳир Расулзода қайд кард, ки сарҳадбонони тоҷик аз рӯзи таъсис то ба имрӯз дар роҳи ҳифзи марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонагию далерӣ зоҳир намуда, ба Ватан ва суботи ҳамешагии мардуми кишварамон садоқатмандона хизмат менамоянд. Ба гурӯҳи калони афсарон ва сарбозони шӯъбаи фаврию ҳарбии «Суғд»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз номи Президенти кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 1994 дар бораи барпо намудани Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Тибқи ин санад ҳар сол 28 май чун рӯзи иди касбии сарҳадбонони тоҷик қайд карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






