114 « ГӮШАИ ДЕҲҚОН» ТАШКИЛ МЕШАВАД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо назардошти талаботи аҳолии шаҳр нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ ва дастгирии комплекси агросаноатии шаҳр аз рӯи талаботи бозор, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуд, ки дар пойтахт ва бозорҳои он 114 «Гӯшаи деҳқон» бе пардохти иҷорапулӣ ва дигар андозҳои маҳаллӣ таъсис дода шавад. Мақсад аз чунин пешниҳод таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ буда, он аз 16 -уми июл то 1-уми декабри соли 2009 фаъолият мекунад. Акнун фаъолияти «Гӯшаи деҳқон» ба роҳбарони бозорҳои шаҳр ва шахсони ба он мутасадӣ вобаста аст, ки то кадом дараҷа барои деҳқон шароит фароҳам месозанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






