ДАР ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН РАИСИ НАВ ИНТИХОБ МЕГАРДАД

Июнь 26, 2009 14:30

                      Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 3 июл дар Душанбе анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагон баргузор мегардад. Дар он раиси нави иттиҳодия ва самтҳои фаъолияти он барои панҷ соли оянда аз ҷониби адибони тоҷик, ки аъзои Иттифоқи нависандагон ҳастанд интихоб карда мешавад. Бояд қайд кард, ки айни ҳол ин вазифаро адиби машҳури тоҷик Меҳмон Бахтӣ бар дӯш дорад ва қариб 350 нафар аъзои ин иттиҳодия мебошанд. Анҷумани мазкур бояд як сол қабл баргузор мегашт, аммо бо сабабҳои гуногун мавқуф гузошта шуд.                     Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Адбулҳамид Самадов хабар дод.

Июнь 26, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид