ДАСТУРИ МЕТОДИИ ЗАМОНАВӢ ТАҲИЯ ШУД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дастури методии устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшанбек Ашурбеков ва Некубахт Ёралиева ба забони англисӣ барои шунавандагони шӯъбаҳои омодагӣ ва довталабон бахшида ба 1310- солагии Абу-Ҳанифа Имоми Аъзам ва ризоияти миллӣ ба тозагӣ аз тарафи матбааи «Эр-граф» ба чоп расид. Ин дастур дар раванди таълими усулу методҳои замонавӣ таҳия шудааст ва шунавандагонро барои супоридани санҷишҳои намуди тестӣ омода месозад. Хусусияти барҷастаи дастури мазкур аз он иборат аст, ки дар он маводи грамматикӣ дар шакли формулаҳо дода шудааст ва инчунин ҷавоби саволҳо таҳия гардидааст, ки донишомӯзон метавонанд аз он истифода бурда донишу маҳорати худро аз забони англисӣ санҷида гирад. Муаллифон таҷрибаи байналмилалии таҳия намудани тестҳо, ба мисли ТОЕФЛ ва дигаронро омӯхта, нахустин маротиба дастуреро таҳия кардаанд, ки бо меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






