ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА Р. РАҲИМОВ ЯГОН ПЕШНИҲОД НАКАРДААСТ
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Воситаҳои ахбори оммавии Русия чанд рӯз пеш хабар доданд, ки футболбози машҳур, роҳбари дастаи футболбозони роҳиоҳанчиёни Русия Рашид Раҳимов рӯзҳои наздик роҳбари дастаи мунтахаби миллии футболбозони Тоҷикистон таъин карда мешавад. Вале аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин масъала ба Рашид Раҳимов ягон таклиф пешниҳод карда нашудааст. Воситаҳои ахбори оммавии Русия 25 июн хабар доданд, ки намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Р. Раҳимов дар тамос шуда, бо ӯ имкониятҳои имзо кардани қарордодро баррасӣ намудаанд. Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин хабарро рад намуда, зикр менамояд, ки дастаи мунтахаби футболи мамлакат дар давоми 4 соли охир ягон вазифаи ба зиммагирифтаашро иҷро карда натавонист.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






