ФОНДИ ҶОПОН ОИД БА КАМ КАРДАНИ КАМБИЗОАТӢ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳафтаи сипаришуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бонки Осиёгии рушд дар бораи кӯмак ба аҳолӣ аз рӯи лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба пешгирии обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои табиӣ Созишнома ба имзо расонид. Фонди Ҷопон оид ба кам кардани камбизоатӣ тавассути бонки Осиёгии Рушд ба андозаи 3 млн. доллари амрикоӣ грант ҷудо намуд. Маблағи грантӣ ба 130 деҳаҳои дар ҳолати обхезӣ зарарбинандаи вилояти Хатлон дода мешавад. Маблағи бо мақсади соҳилбандӣ ҷудошуда, ба 130 деҳаи панҷ ноҳияи вилояти Хтлон; Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Панҷ ва ноҳияи Шӯрообод пешбинӣ шудааст. Нақшаи истифодаи маблағи грантӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ назорат карда мешавад. Лоиҳаи фонди мазкур аз сои 2007 бо маблағи 22 млн. доллари амрикоӣ дар вилояти Хатлон мавриди амал қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






