КЎМАКИ ҲУКУМАТИ ИМА БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон барои тармими куллии бинои Омӯзишгоҳи ҳарбии сарҳадбонони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба маблағи 2,5 миллион доллар кӯмак расонд. Тармими биноҳои омӯзишгоҳ дирӯз, 10 июн оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷамъомад баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати умумии артиши марзбони Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейсӣ Энн Ҷэйкобсон ва сафири Туркия дар Тоҷикистон Мир Оқиф Ойхон ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо маблағи кӯмаки ҳукумати ИМА биноҳои фарсудаи омӯзишгоҳ вайрон карда, ба ҷои онҳо ошхона, толори барҳавои варзишӣ, гараж, шабакаи гармидиҳӣ ва хобгоҳ сохта мешаванд. Инчунин барои синфхонаҳо асбобу анҷоми зарурӣ ва мебел харида хоҳад шуд. Тармими куллии омӯзишгоҳ тибқи нақша моҳи феврали соли 2010 ба охир мерасад. Тармими онро коргёарону мутахассисони ширкати «Боздемир иншоот ва муҳандислик»-и Туркия ба зимма гирифтаанд. Дар натиҷаи тармими омӯзишгоҳ шароити таҳсилу истироҳати шогирдони он хеле беҳтар хоҳад гашт. Тарҷумон Қудратов А.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






