КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ЗИЁД КАРДА ШУД
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дар соли хониши 2009-2010 ба мактабҳои олии мамлакат бо квотаи президентӣ 1150 донишҷӯ, аз ҷумла 515 писар ва 635 духтар қабул карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 143 нафар зиёд аст. Соли гузашта аз ҳисоби квотаи президентӣ дар мактабҳои олии мамлакат ва шӯъбаҳои он дар Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ беш аз 457 писар ва 550 духтар қабул шуда буд. Соли гузашта барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибн Сино 83 квота муқаррар карда шуда буд, имсол бошад ба донишгоҳи мазкур бо квотаи президентӣ 146 нафар қабул карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори раёсати мактабҳои олии Вазорати маорифи ҶТ Ҳокимхон Валиев хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






