МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ НАВИ МАЪРИФАТӢ
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 3 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маросими шиносоӣ бо фаъолияти ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Маркази маърифатӣ ва ташвиқотии зидди корррупсия» баргузор мегардад. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, парлумони кишвар, роҳбарони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ, кормандони корпусҳои дипломатӣ ва намояндагони ВАО иштирок менамоянд. Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Маркази маърифатӣ ва ташвиқотии зидди корррупсия» ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда мувофиқи принсипҳои ихтиёри бо мақсади мусоидат ба ошкор сохтани ришвахӯрӣ ва сӯистифода аз вазифаи шахсони мансабдори муассисаҳои давлатӣ ва идораҳои дигар, расонидани кӯмаки ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои дигари давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. Ҳадафи фаъолияти он таъмини қонуният, мустаҳкам намудани тартиботу қонун ва тақвияти мубориза бар зидди ҷиноят мебошад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






