ШАБАКАИ НАВИ ИНТЕРНЕТИИ ИНТИҚОЛИ БОСУРЪАТИ ИТТИЛООТ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Июнь 30, 2009 17:00

                     Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Бо маблағи Иттиҳоди Аврупо барои минтақаи Осиёи Марказӣ шабакаи нави интернетии интиқоли босуръати иттилоот ва маълумоти илмию маърифатӣ бунёд карда мешавад. Дар натиҷа олимон ва донишҷӯёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ метавонанд бо ҳамкасбонашон дар мамлакатҳои дигари ҷаҳон самарабахштар ҳамкорӣ кунанд. Шабакаи мазкур ба олимону донишҷӯёни мамлакатҳои гуногун имкон медиҳад, ки дар як вақт сӯҳбат карда аз дастовардҳои илмии худ бохабар шаванд.                      Нақшаи бунёди шабакаи мазкур дар ҷараёни ду мулоқот дар сатҳи олӣ муҳокима карда мешавад, ки аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Алма-ато баргузор мегарданд. Баъди маҷлиси кумитаи иҷроияи созандагони шабака маҷлиси нахустини роҳбарони шабакаи мазкур гузаронида мешавад. Маҷлис таҳти раёсати намояндаи Комиссияи Аврупо баргузор мегардад, дар он намояндагони ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.                     Ба туфайли шабакаи мазкур дар оянда дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои таҳқиқи муҳити зист, радиоастрономия, табобати бемориҳо аз масофаи дур, ба қайд гирифтани мероси фарҳангии мамлакатҳои алоҳида, палеонтология ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ барномаҳои гуногуни интернетӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Тибқи нақша, шабакаи мазкур соли 2010 ба истифода дода мешавад. Айни ҳол барои бунёди шабакаи интернетии доманадори рӯизаминӣ озмун эълон карда шудааст. Шабакаи мазкур ба ивази шабакаи алоқаи радифӣ бунёд карда мешавад. Комиссияи Аврупо ҳамроҳи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои бунёди шабакаи интернетии мазкур маблағ ҷудо хоҳанд кард. Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 30, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид