ШУМОРАИ МАЪЮБОНИ БЕМӮҲЛАТ КОҲИШ ЁФТ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ ҳангоми такроран гузаронидани ташхиси тиббӣ аз 6213 нафар маъюбон, ки такроран аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуданд ба 252 нафар гурӯҳи якум, ба 3540 нафар гурӯҳи дуюм ва ба 2176 нафар гурӯҳи сеюм муқаррар карда шуд. Дар натиҷаи табобат қобилияти кории 245 нафар маъюбон барқарор карда шуда, гурӯҳи маъюбиашон боз дошта шуд. Аз сабаби қисман барқарор шудани қобилияти кории 837 нафар аз гурӯҳ дуюм ба гурӯҳи сеюм гузаронида шуданд. Бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатӣ, 307 нафар аз гурӯҳи сеюм ба гурӯҳи дуюм гузаронида шуданд. Дар ин давра аз ҳисоби шахсони аввалин маротиба муроҷиаткунанда ва такроран аз ташхиси тиббӣ гузаранда, нисбат ба соли гузашта ба андозаи 2,2 фоиз шумораи шахсони маъюби бемӯҳлат коҳиш ёфтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






