ТАРТИБИ НАВИ ГИРИФТАНИ ИҶОЗАТ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ БИНОКОРӢ
Душанбе, 27 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Аз 1 июли соли равон сар карда, дар мамлакат тартиби нави соддакардашудаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти бинокорӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамоҳангсози барномаи мазкур Азиза Мавлонова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тартиби нави гирифтани иҷозати фаъолияти бинокорӣ бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи сохтмон ҷорӣ карда мешавад. Тартиби нав интихоб ва ҷудо кардани қитъаи заминро барои сохтмони биноҳо ва иншоотҳо, гирифтани ҳуҷҷатҳои нақшавӣ ва техникӣ, омода сохтан ва мувофиқа намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, гирифтани иҷозатро барои оғози корҳои сохтмонӣ ва қабули биноҳои сохтмонашон анҷомёфтаро пешбинӣ менамояд. Бояд гуфт, ки мувофиқи тартиботи нав тамоми ҳуҷҷатҳои марбут ба гирифтани иҷозатномаи фаъолияти бинокорӣ дар як муассиса ба қайд гирифта мешаванд. Биноҳо ва иншоотҳои сохтмонашон анҷом ёфтаро комиссияи махсуси давлатӣ қабул хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки акнун барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти бинокорӣ аз 3 то 30 рӯз вақт сарф мешаваду халос.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






