ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ БО НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН АФЗУД

Июль 9, 2009 10:52

                    Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз дар корхонаи воҳиди давлатии «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» бахшида ба натиҷаҳои нимаи аввали соли 2009 ва нақшаҳои оянда нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов дар бораи иҷрои нақшаҳо, шароити кори коргарон ва камбудию норасоиҳои соҳа маълумот дод. Қайд карда шуд, ки Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон айни ҳол 1910 вагони боркаш, 354 вагони мусофирбар ва 55 тепловоз дорад.                    Имрӯз дар шабакаи роҳхои оҳани мамлакат 33 истгоҳ фаъол мебошад. Дар давоми 6 моҳи гузаштаи соли равон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 6 миллиону 796 ҳазор тонна мол кашонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 ҳазор тонна зиёд аст. Содироти мол ба воситаи роҳи оҳан 340 ҳазор тонна ва ҳаҷми воридоти он 2 миллиону 23 ҳазор тоннаро ташкил дод.                  Дар ин муддат ба воситаи роҳи оҳан 89 ҳазору 319 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонда, аз ҷумла ба хориҷи кишвар 85 ҳазору 523 тонна маҳсулот бароварда шуд. Ҳаҷми гардиши мол дар давоми 6 моҳи гузашта 605, 6 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 8,9 миллион тонна зиёд мебошад. Ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан дар давоми 6 моҳ 331 ҳазор мусофир кашонда шуд. Ин нисбат ба соли гузашта хеле кам аст.                  Дар ин муддат 149 вагони нави боркаш харида, 12 вагони мусофирбар пурра тармим карда шуд. Дар корхонаи шпалбарории муассиса 6010 дона шпала тайёр карда шуд.                  В. Собкалов дар фарҷоми нишасти матбуотӣ дар бораи проблемаҳои соҳа сухан ронд ва изҳор намуд, ки камбудиҳои ошкоршуда сари вақт бартараф карад хоҳанд шуд.                                                                                                       Тарҷумон Қудратов А.  

Июль 9, 2009 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар