АМАЛИЁТИ ҲАРБӢ ДАР ҚИСМАТИ ШИМОЛИИ АФҒОНИСТОН
Кобул, 25 июл. (АМИТ «Ховар»-Лента.ру).- Дар қисмати шимолии Афғонистон амалиёти доманадори ҳарбии қисмҳои низомии Олмон ва артиши Афғонистон анҷом ёфт. Дар натиҷа пойгоҳи асосии низомии силоҳбадастони толибон дар қисми шимолии Афғонистон-шаҳри Чордара таҳти назорати қисмҳои ҳарбии эътилофӣ ва артиши Афғонистон қарор гирифт. Аз рӯи хабарҳои расида дар ҷараёни амалиёт 13 силоҳбадаст кушта, шумораи хеле зиёди онҳо маҷрӯҳ гардиданд. Инчунин 4 аскари ҳукуматӣ ҳалок гардид. Аз ҷумлаи низомиёни олмонӣ касе осеб надидааст. Қайд карда мешавад, ки дар ҷараёни амалиёт аз техникаи зиреҳпӯш ва аслиҳаи вазнин истифода бурда шуд. Вазири мудофиаи ҶФО Франс Йозеф Юнг зикр кард, ки дар амалиёт 300 аскару афсари мамлакат иштирок намуд. Ф. Юнг изҳор намуд, ки амалиёти дар қисми шимолии Афғонистон анҷомёфта, амалиёти ҳарбӣ набуда, балки яке аз тадбирҳои ба эътидол овардани вазъият мебошад. Хабар дода мешавад, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии Олмон тарафдори ҳар чи зудтар аз Афғонистон баровардони низомиёни мамлакат мебошад. Вале вазири мудофиаи Олмон изҳор намуд, ки низомиёни мамлакаташ дар Афғонистон боз камаш то 10 соли дигар боқӣ хоҳанд монд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






