АСБОБҲОИ МУСИҚӢ НАМЕРАСАНД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ректори Консерваторияи миллӣ Раҷабмад Амиров дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО қайд намуд, ки дар консерватория барои омӯзиш асбобҳои мусиқӣ намерасад. Қайд карда шуд, ки барои харидани асбобҳои мусиқӣ кӯмаки моддии вазорати фарҳанг ва Ҳукумат зарур аст. Р. Амиров изҳор намуд, ки бе асбобҳои мусиқӣ тарбияи кадрҳои варзидаи соҳаи ҳунар хеле душвор аст. Дар нишасти матбуотии дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода сухан дар бораи тақдири асбоби мусиқии арғунун рафт, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ ягона буда, қариб 20 сол боз ғайри қобили истифода гардидааст. Мутахассисони ширкати «RIEGER-RLOSS» Чехия, ки роҳбарияти донишкада онҳоро ба таъмири арғунун даъват карда буд, якчанд усули барқарор намудани ин асбоби нодири мусиқиро пешниҳод намуданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






