БЕҲТАРИН МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН МОЛИ КИСТ?
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-25 июл дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон» ҷамъбаст мегардад. Аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификат ва нозироти савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки даври вилоятӣ ва минтақавии озмун дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ғолибони он ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Корхонаҳои саноатии кишвар ба мисли «Тоҷиксемент», «Шириниҳои Шарқ», «Шириниҳои Шафоат», фабрикаи ширии «Саодат» ва ғайраҳо аз зумраи корхонаҳои ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтаанд. Озмун бо ибтикори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификат ва нозироти савдои ҷумҳурӣ созмон дода шуда, ҳадафи он дастгирии соҳибкорон, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад. Дар озмун корхонаҳое, ки самти фаъолияташонро ба истеҳсоли маҳсулоти озуқворӣ, саноати ҳунарҳои халқӣ ва таъминоти истеҳсоли техникӣ равона кардаанд, иштирок менамоянд. Маҳсулоти беҳтарини корхонаи ғолиб бо ҷоизаю ифтихорномаҳо ва нишонаи маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон сарфароз гардонида мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






