ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН САР ШУД
Бишкек, 23 июл. (АМИТ «Ховар»-АКИ Пресс).- Имрӯз соати 8-и субҳ дар Қирғизистон интихоботи президент оғоз ёфт. Дар саросари мамлакат барои овоздиҳӣ 2333 қитъаи интихоботӣ кушода шуд. Дар 23 мамлакати ҷаҳон 49 қитъаи овоздиҳӣ амал мекунад. Ба ҳавзаҳои интихоботӣ 2 миллиону 872 варакаи овоздиҳӣ тақсим карда шуд. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, шумораи интихобкунандагон ба 2,7 миллион нафар мерасад.Тибқи хабарҳои расида як қисми интихобкунандагон пеш аз мӯҳлат овоз доданд. Онҳо кормандони мақомоти муҳифизи қонуну тартибот, муассисаҳои тандурустӣ ва кормандони комиссияҳои интихоботӣ мебошанд, ки бо сабабҳои воқеӣ дар вақти муқарраршуда овоз дода наметавонанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Бишкек маркази иттилоотии «Интихобот-2009» ба кор сар кард. Тавассути Маркази иттилоотӣ, сайти интернетӣ ва телевизиони давлатӣ дар бораи ҷараёни интихобот маълумот дода мешавад. Тавре хабар дода шуда буд, 9 нафар номзад барои ба даст овардани маснади президенти мамлакат мубориза мебаранд. Инҳо президенти ҳозираи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, намояндаи ягонаи созмонҳои мухолиф, сарвазири собиқ ва роҳбари ҳизби социал-демократӣ Алмосбек Отамбоев, роҳбари ҳизби «Оқшумқор» Темур Сориев, роҳбари ҷунбиши «Ҷонмард» Нурлан Мотуев, духтури бемориҳои нашъамандӣ Жанишбек Назаралиев ва роҳбари Ассотсиатсияи созмонҳои ғайриҳукуматӣ Тухтаоим Умедалиева мебошанд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






