ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН САР ШУД

Июль 23, 2009 14:19

                 Бишкек, 23 июл. (АМИТ «Ховар»-АКИ Пресс).- Имрӯз соати 8-и субҳ дар Қирғизистон интихоботи президент оғоз ёфт. Дар саросари мамлакат барои овоздиҳӣ 2333 қитъаи интихоботӣ кушода шуд. Дар 23 мамлакати ҷаҳон 49 қитъаи овоздиҳӣ амал мекунад. Ба ҳавзаҳои интихоботӣ 2 миллиону 872 варакаи овоздиҳӣ тақсим карда шуд. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, шумораи интихобкунандагон ба 2,7 миллион нафар мерасад.Тибқи хабарҳои расида як қисми интихобкунандагон пеш аз мӯҳлат овоз доданд. Онҳо кормандони мақомоти муҳифизи қонуну тартибот, муассисаҳои тандурустӣ ва кормандони комиссияҳои интихоботӣ мебошанд, ки бо сабабҳои воқеӣ дар вақти муқарраршуда овоз дода наметавонанд.                Дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Бишкек маркази иттилоотии «Интихобот-2009» ба кор сар кард. Тавассути Маркази иттилоотӣ, сайти интернетӣ ва телевизиони давлатӣ дар бораи ҷараёни интихобот маълумот дода мешавад.                Тавре хабар дода шуда буд, 9 нафар номзад барои ба даст овардани маснади президенти мамлакат мубориза мебаранд. Инҳо президенти ҳозираи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, намояндаи ягонаи созмонҳои мухолиф, сарвазири собиқ ва роҳбари ҳизби социал-демократӣ Алмосбек Отамбоев, роҳбари ҳизби «Оқшумқор» Темур Сориев, роҳбари ҷунбиши «Ҷонмард» Нурлан Мотуев, духтури бемориҳои нашъамандӣ Жанишбек Назаралиев ва роҳбари Ассотсиатсияи созмонҳои ғайриҳукуматӣ Тухтаоим Умедалиева мебошанд.

Июль 23, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар