МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН КАДОМ АСТ?

Июль 24, 2009 14:49

                 Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон» баргузор гардид. Озмуни мазкур ҷиҳати баланд бардоштани завқ ва ба ин васила таъмин намудани бозори дохилии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бо ибтикори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи назди Ҳукумати ҶТ оғози моҳи майи соли равон ташкил шуда буд.                   Директори Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов дар ин маросим зикр намуд, ки даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид, ки дар онҳо 128 корхонаву ташкилот ширкат намуданд. Аз ин шумора ба даври дуюм, яъне даври ниҳоии озмун 66 корхонаву ташкилот роҳхат гирифтанд. Озмуни мазкур аз рӯи чор номгӯй — маҳсулоти озуқаворӣ, ниёзи мардум, техникӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд.                   Маҳсулоти ҶДММ «Комбинати шири Душанбе» — «Био-кефир» лауреати мукофоти «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2009» аз рӯи номгӯи маҳсулоти озуқаворӣ гардид. Аз рӯи маҳсулоти ниёзи мардум ҶДММ «Қолинҳои Суғд»-и шаҳри Қайроқум соҳиби лауреати мукофоти «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2009» гардид.                    Инчунин, Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии «Ангора» аз рӯи номгӯи маҳсулоти техникӣ ва соҳибкор аз шаҳри Душанбе Саида Шарипова барои маҳсулоти зардӯзӣ чун лауреатҳои «Маҳсулоти беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2009» мукофонида шуданд.                    Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Абдулло Ёров озмуни мазкурро ҷамъбаст намуда, тазаккур дод, ки фаровонии ашёи хом ва ворид намудани таҷҳизоти муосири техникӣ ба рушди соҳаҳои гуногун, бахусус соҳаи саноат ва истеҳсолот заминаҳои устувор гузошта истодааст. Ин боис мегардад, ки сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ поён рафта, зиндагии мардум беҳтар гардад. Аз ин рӯ, ин пеш аз ҳама аз фаъолияти софдилона ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва дорои стандартҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ вобаста аст.

Июль 24, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид