МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ПАСТ КАРДАНИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ

Июль 8, 2009 09:37

                   Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ имрӯз дар дараи Варзоб дар мавзӯи «Барномаи стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2012» конфронс баргузор мегардад. Дар он муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзода, кормандони масъули вазорату идораҳои мамлакат ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ иштирок менамоянд. Конфронс ба таҳияи барномаи нави стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар давраи солҳои 2010-2012 бахшида мешавад.                  Ҳадафи асосии барнома андешидани тадбирҳои мушаххас барои беҳтар сохтани шароити зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Июль 8, 2009 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар