МУЛОҚОТҲОИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ ДАР МИСР

Июль 17, 2009 08:54

                 Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирокаш дар мулоқоти 15 — уми сарони давлатҳои аъзои Ҷунбиши ғайримунсалик дар шаҳри Шарм уш Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Лабид Абовӣ мулоқот кард. Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои минтақавию байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳашон табодули назар намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи тадбирҳои идонаи бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам маълумот дод.                 Лабид Абовӣ ба тадбирҳои идонаи бахшида ба Имоми Аъзам мароқ зоҳир намуда, зикр кард, ки намояндагони мамлакаташ дар симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Мероси илмии Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи фарҳангҳо» иштирок хоҳанд кард. Симпозиуми мазкур аввали моҳи октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.               Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо инчунин бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта мулоқот анҷом дод. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю минтақавӣ муҳокима намуда, аҳамияти мулоқоти қарибулвуқӯи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуд.                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 17, 2009 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд