МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН ДАР МИСР

Июль 17, 2009 14:40

                   Дар вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Яман ва сафари расмии ҷавобии Президенти Яман ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.                   Сарони ду давлат ҳавасмандии устувори худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ба сатҳи муносиб баровардани робитаҳои дуҷониба таъкид намуданд.                   Зимни сӯҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Сербия Борис Тадич масоили ташкил ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.                   Борис Тадич таъкид дошт, ки ба роҳ мондану густариш додани муносибатҳои судманд бо Тоҷикистон ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Сербия хоҳад буд.                   Эмомалӣ Раҳмон Борис Тадичро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.                    Дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Таиланд Кесит Пиромя масоили вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Таиланд, ки моҳи августи соли 2005 сурат гирифта буд ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.                   Кесит Пиромя ба мавқеи муҳими ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши барҷастаи таъриху фарҳанги миллии тоҷикон баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Таиландро ба густариши ҳамкориҳо бо кишвари мо таъкид намуд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб иттилоъ дод. 

Июль 17, 2009 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд