НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМОН СУЛАЙМОН ВА ОЗАР ШАРИФИҲО
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Имрӯз дар пойтахт намоиши якҷояи рассомони тоҷик Сулаймон ва Озар Шарифӣ кушода шуд. Ташкилкунандагони намоишгоҳ намояндагони Агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария дар Тоҷикистон мебошад. Намоишгоҳ то 17 август давом мекунад. Сулаймон Шарифӣ узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва писари ӯ Озар рассоми ҷавони боистеъдод аст. Озар соли 2004 коллеҷи санъати ба номи М. Олимовро хатм намудааст. Ҳар ду рассом (падар ва писар) дар соҳаҳои гуногуни санъат, ба монанди: расмҳои қаламӣ, зебу ороиш, аккосӣ, сабти навори видео ва ғайра кор мекунанд. Онҳо дар чандин намоишгоҳҳои минтақавию байналхалқӣ ширкат варзидаанд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






