НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ХАДАМОТИ ГУМРУК

Июль 13, 2009 16:42

                  Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба натиҷаҳои 6 моҳи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин бора муовини аввали роҳбари хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов маълумот дод. Вай зикр намуд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳаҷми пардохтҳои гумрук дар мамлакати мо низ таъсири калон расонд. Дар нимаи аввали соли равон ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ду баробар кам шуд, инчунин ҳаҷми воридот низ хеле коҳиш ёфт. Кормандони гумрук бо вуҷуди ин нақшаҳои ҷамъоварии пардохти гумрукро то ҳадди имкон иҷро менамоянд. Дар натиҷа дар ин муддат ба ҳисоби буҷети давлат 668, 5 миллион сомонӣ ворид гардид. Аз ҳисоби гирифтани ҷаримаҳо ва мусодираи моликият 2,2 миллион сомонӣ ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 898116 сомонӣ зиёд мебошад. Илова бар ин дар муддат 2573 ҳодисаи риоя накардани қонунҳои гумрук ба қайд гирифта шуд. Аз ин ҷумла 21 ҳодиса дар соҳаи гумрук ва 18 ҳодиса қочоқи маводи нашъадор мебошад. Дар ин маврид 77 килограму 916 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.                 Дар соҳаи ташкили мубориза ба муқобили ғайриқонунӣ ворид сохтани мол 172 ҳодиса ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, 36 ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид сохтани маводи сӯхт, 42 ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид намудани нӯшокиҳои спиртдор, 22 ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид сохтани тамоку ва 69 ҳодисаи ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид намудани мошинаҳои сабкурав ба қайд гирифта шуд.                Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои расондани кӯмак ба сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон дар ин ҷо 3 бинои истиқоматӣ сохт. Қайд карда шуд, ки мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ мисли пештара яке аз вазифаҳои муҳимтарини кормандони гумрук мебошад.               Дар давоми 6 моҳи гузашта нисбати кормандони гумрук 3 парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Дар ин давра 58 корманди гумрук ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Соли гузашта дар давоми 6 моҳ 26 корманди гумрук ҷазо гирифта буд.

Июль 13, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад