ПУЛИ ТАҲСИЛ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛӢ БАЛАНД ШУД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Аз дафтари матбуоти вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имсол ба мактабҳои олии мамлакат қариб 28 ҳазор донишҷӯ қабул карда мешавад. Дар баробари ин дар баъзе мактабҳои олӣ ҳаққи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ хеле афзуд. Ҳаққи таҳсил дар ин мактабҳои олӣ дар як сол ба 1800 доллари ИМА расид. Соли гузашта дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодии мактабҳои олӣ ҳаққи таҳсил 1200 доллари ИМА буд. Ҳадафи асосии боло рафтани ҳаққи таҳсил беҳтар сохтани заминаи моддию техникии мактабҳо, истифода бурдани техникаю технологияи навтарин ва зиёд кардани музди кори омӯзгорон мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






