РУШДИ СОҲАИ БОФАНДАГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар» Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Душанбе иҷрои барномаи наве шурӯъ мегардад, ки ҳадафи он расонидани кӯмаки техникӣ барои беҳтар сохтани вазъияти соҳаҳои бофандагӣ ва дӯзандгии Тоҷикистон мебошад. Агентии давлатии Швейтсария дар умури иқтисод барои иҷрои барнома 1,8 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Барномаро Маркази байналмилалии тиҷорат ҳамроҳи вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетикаю саноати Тоҷикистон амалӣ месозанд. Ҳадафи умумии он дастгирӣ намудани рушди устувор ва афзун гардонидани содироти маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон бо роҳи беҳтар намудани рақобатпазирии маҳсулоти саноатию бофандагӣ ва дӯзандагӣ, фаъолтар гардонидани муассисаҳои ёрирасон ва истеҳсоли бештари маҳсулоти хушсифат мебошад. Интихоби соҳаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ барои давраи саввуми барнома бо он асоснок карда мешавад, ки соҳаи мазкур дорои имконоти воқеии рушд буда, метавонад дар самти гуногунсозии содироти кишвар саҳми муносиб гузорад. Ҳамчунин, дар ин соҳа барои сокинони деҳот, махсусан занон ва дутарон ҷойҳои нави корӣ фароҳам овардан мумкин аст. Бояд зикр намуд, ки натиҷаҳои даври дуввуми барномаи пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистонро (2006-2008), дар соҳаи коркарди мева ва сабзавот самарабахш номидан мумкин аст. Дастёбии ду ширкати коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон ба гувоҳномаи байналмилалии ИСО 22000, иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, омодасозии озмоишгоҳҳои Тоҷикстандарт барои дарёфти иҷозатномаҳои байналмилалӣ, таҳия ва нашри Феҳрасти роҳнамои содиротии Тоҷикистон ва роҳандозии сомонаи интернетии он аз ҷумлаи мисолҳои фаъолияти муваффақонаи барнома дар марҳилаи дуввум мебошанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






