С. ВАЛИЕВ: «ЗАХИРАИ ЗИЁДИ МАҲСУЛОТ – ГАРАВИ МӮЪТАДИЛИИ НАРХ ДАР БОЗОРҲОСТ»
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ангиштсанг, керосин, гази моеъ ва шамъ дар 928 адад нуқта ва гӯшаҳои фурӯш 2198,1 тонна ангиштсанг, 5,9 тонна керосин, 140,0 ҳазор дона шамъ, 14,1 ҳазор дона чароғи керосинӣ ва ба маблағи 8,4 ҳазор сомонӣ гази моеъ дастраси аҳолӣ гардонида шуд», — зикр намуд дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев. Ба иттилои раиси «Тоҷикматлубот» то имрӯз барои харид ва захираи 8870 тонна ангиштсанг бо корхонаҳои коркарди ангишт шартномаҳо ба имзо расидааст, ки дар таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар фасли сармо кифоя мекунад. Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани хатҳои нави истеҳсолӣ ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки назар ба нимсолаи якуми соли 2008-ум 1,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯз теъдоди нуқтаҳои қабули маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳою муасссиаҳои савдо ба 953 адад расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаригашта 316 адад зиёд аст. «Махсус таъқид мекунам, ки ба масъалаи харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввал ба 37,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нимсолаи соли 2008-ум 7,3 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин метавонад дар давраи зимистони солҳои 2009-2010 ба мӯътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ мусоидат кунад», — тазаккур дод С. Валиев.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






