«ТАЛКО» БО АШЁИ ХОМИ МАҲАЛЛӢ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД КАРД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии КВД «ТАЛКО» Саёҳат Қодирова, соли дуюм аст, ки дар барномаи гузариши Ширкати Алюминийи Тоҷик бо ашёи хоми маҳаллӣ олимону мутахассисони тоҷик корҳои тадқиқотӣ мебаранд. Тибқи ваъдаи металургҳо дар муддати 5 сол корхона 60 фоиз бо гилхок, фториди алюминий, криолит ва ангишти антратсити ноҳияи Рашт ва таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии худӣ таъмин карда мешавад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, алҳол қариб 90 фоизи ашёи хом ва таҷҳизоти зарурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷ ворид карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ширкати мазкур танҳо барои ҳамлу нақли гилхок аз хориҷи кишвар дар як сол беш аз 150 млн. доллари амрикоӣ сарф мекунад. Дар сурати аз маҳсулоти хоми маҳаллӣ истифода кардан, даромади солонаи он метавонад боз як баробар зиёд гардад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






